Содироти 14 ҳазору 515,9 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳри Ҳисор
Соли 2025 аз шаҳри Ҳисор ба миқдори 14 ҳазору 515,9 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба давлатҳои Росия ва Қазоқистон содирот карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 се ҳазору 193,3 тонна маҳсулот зиёд мебошад. Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор зимни нишасти матбуотӣ иттилоь дод.
Маҳсулоти содироткардашуда асосан 11908 тонна ангур, 429,3 тонна лимон, 359 тонна хурмо, 1274,1 тонна олу, 56,2 тонна гелос ва 109,5 тонна меваи хушк мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки яке аз масъалаҳои нигароникунанда дар ҷомеа миёни шаҳрвандон ин ҷинояткорӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ, мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи ШВКД ҶТ дар шаҳри Ҳисор, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 504 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2025, 13 ҷиноят кам мебошад ва ошкоршавии ҷиноят 382 ададро ташкил додааст. Ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон 27 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2024 се ҳолат зиёд мебошад.
Т.Сатторов
Садои Душанбе

