Ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ дар Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор толори варзишӣ ба истифода дода шуд

Ба муносибати ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаи Шӯроби Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор  бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода толори варзишӣ  ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода иттилоъ дод.

Толори варзишӣ, ки бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст, аз ду майдончаи футбол барои писарон ва духтарон иборат буда, дар як вақт чор даста метавонанд бо ҳам бозӣ намоянд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва раиси шаҳр бо ҳайати дастаҳои писарона ва духтарона, ки дар толор саф ороста буданд, суҳбат карда, онҳоро ба варзиш ва пеш бурдани ҳаёти солим даъват намуданд.

Ҳамчунин бо соядаст ба ҳар бозингар тӯби варзишӣ туҳфа карда, ба соҳибкори маҳаллӣ барои ҳимматбаландӣ ва иқдоми ватандӯстона изҳори сипос намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE