Мадинаи Рустам дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ ду Шоҳҷоиза ба даст овард

Паҳлавондухтари ноҳияи Восеъ Мадинаи Рустам дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки 21- 22 март дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид, ҳамаи рақибонашро шикаст дода, соҳиби ду  Шоҳҷоиза — ду мошини сабукрав шуд.

Ба иттилои манбаъ, Мадинаи Рустам 21 март дар мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҳорати хуб нишон дода, шаш рақибро мағлуб намуд ва соҳиби мошини сабукрав гардид.

Мадинаи Рустам бо мақсади дастгирии ятимону бепарасторон ва ғамхорӣ намудан ба ин ашхос Шоҳҷоизаи бадастовардаи худро ба  хонаи ятимони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ туҳфа кард.

Инчунин ин варзишгари номдор дар гӯштини миллӣ, ки 22 март дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар баргузор гардид, 9 ҳарифи худро шикаст дода, соҳиби яке аз шоҳҷоизаҳо – мошини  «Лада приора» шуд.

Калиди мошинро  дар вазъияти тантанавӣ ба Мадина Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид супорид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE