Дар Тоҷикистон 38,2 миллион дона тухм истеҳсол гардид

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2025 ба ҷумҳурӣ 38,2 миллион дона тухм аз ҷониби 22 субъекти хоҷагидор ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 млн дона ё 50,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар моҳҳои январ -декабри соли 2025 ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 268,4 тонна гўшти мурғ ба маблағи 46 046,1 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 3753 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст. Ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4581,0 тонна ё 59,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аз ҳаҷми умумии гўшти мурғ воридгардида 64,3% ба Федератсияи Россия, 15,3% ба Ҷумҳурии Украина, 8,3% ба Ҷумҳурии Туркия, 4,7% ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 7,4% ба дигар давлатҳо рост меояд. Дилбар Исматова Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE