«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиш баргузор гардид.
Иштирокчиёни ҳамоиш бо либосҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас ва дигар намунаи ҳунари волои мардумӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ба кӯча баромаданд.
Мақсади асосии баргузории ҳамоиш тарғиби либоси миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои неки ниёгон мебошад. Баргузории ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамчунин ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар замони ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи асолати миллӣ ва муаррифии симои фарҳангии миллат аҳамияти хосса доранд.
Ҳамоиш дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон баргузор гардида, нишон дод, ки сокинони ноҳияи Рӯдакӣ нисбат ба фарҳангу суннатҳои миллӣ эҳтироми хосса зоҳир менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

