Муовини Сарвазири мамлакат бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос гардид

Дар шаҳри Турсунзода 305 гармхона дар майдони умумии 38,95 гектар бунёд гардидааст, ки айни замон дар 6,20 гектари онҳо помидор, 1,40 гектар бодиринг, 1,70 гектар гул, 5,48 гектар лимӯ ва 1,36 гектар дигар намуди сабзавот парвариш када мешавад. Кишоварзони шаҳр талош доранд, ки бо помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавоти барвақтӣ бозорҳои мамлакатро таъмин намоянд. Дар ин хусус зимни шиносоии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи воқеии боғу токзор, парвариши сабзавот дар гармхонаҳо, ҳолати омодагии иншооти обёрӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва омодагии кишоварзон ба мавсими кишти баҳорӣ дар шаҳри Турсунзода, ки 21 феврал ҷараён гирифт, иттилоъ дода шуд.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни боздид муовини Сарвазири мамлакат ва аъзои гурӯҳи корӣ бо кишоварзони шаҳри Турсунзода суҳбат намуда, ба онҳо барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар идома меҳмонон аз пойгоҳҳои обкашии оби полезии шаҳр дидан намуданд.

Сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр Сорбон Рӯзиев иттилоъ дод, ки дар шаҳри Турсунзода 22 канали худҷорӣ мавҷуд аст, ки ба ин восита 13 ҳазору 459 гектар заминҳои шаҳр пурра обёрӣ мешавад. То имрӯз бо дарозии 32 километр каналҳои мазкур тоза карда шуд. Ҳамчунин дар шаҳр 5 адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуд аст, ки он барои таъмини оби полезӣ дар соли равон омода мебошад. Бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳр 2 адад насоси обкашӣ насб карда шуд, ки ба ин восита 40 гектар замин обёрӣ мешавад.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ба масъулини шаҳри Турсунзода ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, истифодаи босамари замин ва саҳмгузорӣ барои расидан ба амнияти озуқворӣ як қатор супоришҳои мушаххас дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE