Вазъи хизматрасонӣ дар беморхонаҳои ноҳияи Файзобод
Барои таъмини солимии ҷомеа имрӯз дар гӯшаву канори мамлакат имкониятҳои муосири тиббӣ фароҳам оварда шуда, мушкилии вобастаи соҳа марҳила ба марҳила роҳи ҳалли худро пайдо месозанд. Дар ин баробар, беморон табобатҳои худро сари вақт гирифта, ба дарди худ шифо меёбанд. Ҳамин гуна фароҳамоварии шароит дар беморхонаҳои ноҳияи Файзобод мушоҳида мегардад.
Дар ҳудуди ноҳия Беморхонаи марказӣ ва ду беморхонаи минтақавӣ фаъолият мекунанд, ки сокинони ҳудуди минтақаро ба табобат фаро мегиранд. Вобаста ба вазъи имрӯзаи беморхона, шароити хизматрасонӣ ба беморон, роҳу усулҳои муолиҷа ва тахассусмандии табибон ҳамсуҳбати навбатии сомонаи радиои “Садои Душанбе” сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Фазлиддин Зубайдзода аст.
Фазлиддин Зубайдзода зимни суҳбат бо мо аз чанд ҳолати муолиҷаи беморон дар рӯзҳои аввали паҳншавии бемории КОВИД – 19 ёдовар гардид. Ба қавли ӯ, табибони ноҳия, сар аз ҳамшира то табиб, паҳлӯи бемор буданд ва барои раҳоии эшон аз ин маризӣ тамоми саъю талоши хешро равона сохтанд.
“Дар баробари дастоварду пешравию муваффақиятҳои Беморхона мо бо чанд мушкилии ҷузъӣ мувоҷеҳ гардидем. Сараввал, надоштани дастгоҳҳои иловагии барқӣ, ки ҳангоми набудани барқ ба беморон хизматрасонӣ намояд. Сониян, роҳе, ки то беморхона омада мерасад, харобу барои ҳаракат номувофиқ аст. Ҳукумати ноҳия тасмим гирифтааст, то ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мушкиливу норасоиҳоро пурра бартараф намоянд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи таваллудхона ва шуъбаи кӯдакона пурра аз нав таъмир гардида, ҳамчунин як ташхисгоҳ бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ сохтаю мавриди истифода қарор мегирад. Бо анҷом ёфтани ин нақшаҳо бовар аст, ки сатҳи хизматрасонӣ ба беморон дар ноҳия боз ҳам беҳтар гардида, сокинони ҷамоату деҳоти ноҳия аз хидматрасонии баланди тиббӣ бархурдор мегарданд.
Бахтовари НУРИДДИН,
“Садои Душанбе”