РОССИЯ: АВВАЛИН ГИРИФТОР БА НАМУНАИ КАРОНАВИРУСИ БРИТОНИЁӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Расонаҳои русӣ дар такя ба маълумотии “Роспотребнадзор”-и Федератсияи Русия хабар доданд, ки дар қаламрави ин кишвар нахустин ҳолати штамми коронавируси “бритониёӣ” муайян гардид. Анна Попова роҳбари ин ниҳод низ зимни баромади хеш дар телевизиони “Россия 1” хабари мазкурро тасдиқ кард.
Гуфта мешавад вируси мазкурро як шаҳрванди Русия, ки ба наздики аз Британияи Кабир омада буд, бо худ овардааст.
“Дар натиҷаи ташхис муайян гардид, ки ин шахс ба вируси навъи ҷадиди Каронавирус мубтало гардидааст. Ҳоло ин бемор ба табобат фаро гирифта, хавфи сироятёбӣ ба дигарон камтар аст” менависад нашрияи Известия.
Тибқи изҳороти Анна Попова роҳбари “Роспотребнадзор”-и Федератсияи Русия ваксинае, ки дар Русия алайҳи табобати Covid-19 омода гардид, иқтидори мубориза бо вируси навро низ доштааст.
Маврди зикр аст, ки дар овохири моҳи декабри соли гузашта вирусологҳои бритонӣ аз навъи дигари Коронавирус хабар доданд. Тибқи маълумоти олимон вируси мазкур аз COVID-19 тафовуткунанда буда, то 70 фисад хавфноктар аст ва суръати паҳншавии ӯ низ босураттар мебошад.
Қаблан Ҳанс Клюге директори Дафтари минтақавии Аврупо оид ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ изҳор дошта буд, ки штамми коронавируси “бритониёӣ” ҳоло дар 22 кишвари Апрупо домони худро паҳн намудааст.
Хотиррасон бояд кард, ки паҳншавии коронавируси SARS-CoV-2, ки боиси бемории COVID-19 гардид, дар охири моҳи декабри соли 2019 оғоз ёфта, маркази он шаҳри Ухани Ҷумҳурии Чин ба ҳисоб меравад. Дере нагузашта, дар беш аз 210 кишвари ҷаҳон аз вуҷуди ин вирус хабар доданд. COVID-19 то ин муддат миллионҳо нафарро олуда сохт ва ҷони ҳазорҳо нафарро рабуд.
Аминзода Бахтовар
“Садои Душанбе”