Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд

 Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ду озмоишгоҳи муосир — «Зоология» ва «Ботаника» ба истифода дода шуд.

Тавре аз ин донишгоҳ хабар доданд, озмоишгоҳ бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошад. Дар он машғулияти амалии донишҷӯён дар соҳаи биология ва химия гузаронида мешавад.

Озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки донишҷӯён таҷрибаҳои зоологӣ ва ботаникӣ анҷом дода, намудҳои гуногуни ҳайвонот ва набототро омӯзанд.

Инчунин дар озмоишгоҳ омӯзгорон метавонанд усулҳои нави таълимиро санҷида, ба донишҷӯён таҷрибаҳои илмӣ-таҳқиқотиро нишон диҳанд. Ин маркази нави таҷрибавӣ барои таҳияи лоиҳаҳои илмӣ, гузаронидани корҳои лабораторӣ, ҳамзамон омӯзиши муҳити зист ва таҳлили таъсири омилҳои экологӣ ба ҳайвонот ва наботот аҳамияти калон дорад.

Иброз шуд, ки истифодаи самараноки озмоишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои амалӣ дар донишҷӯён нақши калон дорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE