Омодагиҳо ба мавсими зимистон дар муассисаҳои тибби шаҳри Ҳисор
Дар муассисаҳои тибби шаҳри Ҳисор омодагиҳо ба мавсими зимистон идома дошта, дар баробари маводи сухт, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда мешаванд. Табибон мегӯянд ба хотири ҳифзи сиҳатии мардум то рафт бунгоҳҳои тибии деҳот низ бо таҷҳизоти пешрафта муҷҷаҳаз гардонида мешаванд.
Дар доираи қарори ҳукумати кишвар дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар Маркази саломатии шаҳри Ҳисор корхои таъмирӣ дар сатҳи баланд ба иҷро расонида шуда, бунгоҳҳои тиббӣ бо маводи сухту ашёи зарурии замистонгузаронӣ таъмин карда мешаванд. Усмон Резвонов – сармухосиби муассисахои шабакаи Кумаки аввалияи тибии шахри Ҳисор мегӯяд, ки фаъолияти Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳот таҳти назорати ҷиддии масъулин қарор дошта, бо таҷҳизот ва маводи лозима таъмин карда мешаванд.
Имрӯз дар тобеияти муассисахои шабакаи Кӯмаки аввалияи тибии шаҳри Ҳисор 35 маркази салматӣ, 41 бунгоҳ ва 9 адад нуқтаи тиббӣ карор доранд, ки омодагии онҳо ба мавсими сармо тибқи нақша идома дорад. Ба гуфтаи Аҳрор Тоҳиров– сартабиби Маркази саломатии шаҳраки Шарора, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба ахолӣ аз таъмини шароитҳои модию техникӣ ҳар муассиса сахт вобастагӣ дорад.
Ба маълумоти Усмон Резвонов – сармуҳосиби муассисаҳои шабакаи Кӯмаки аввалияи тибии шахри Ҳисор дар самти омодагиҳоии муасисаҳои тиббӣ ба мавсими сармо аз ҳисоби буҷаи маҳал 95 хазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, имрӯзҳо тибқи дархост ва эҳтиёҷот ба ҳар муассиса маводи сухту ҳезум расонида мешавад.
Масъулини Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббии шахри Ҳисор бар он боваранд, ки то фаррасии фасли тирамоҳ тамоми марказҳои саломатӣ ва бунгохои тиббии шаҳро тиббқи нақша аз таъмири чорӣ бароварда, бо маводи сухт, пешчҳои аловию баркӣ ва дигар ашёи зарурӣ таъмин менамоянд, то дар фасли сармо ин нуқтаҳои тиббӣ бе таъхир фаъолият намуда, ба мардум дар сатҳи баланд хизматрасонӣ менамоянд.
Тоҷиддин Сатторзода
“Садои Душанбе”