Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳориро иҷро намуданд
Дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Ватан ҳарчи хоҳад адо мекунем!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Дар рузи аввали даъватшаванда ноҳияҳои Лахш , Сангвор , Нуробод, Тоҷикобод ва Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

