Ба парки мошинҳои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ дастрас шуданд

Ба парки мошинҳои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ дастрас карда шуданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.Техникаҳои замонавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дастрас гардида, бо ин теъдоди техникаҳои парки мошинҳои фурудгоҳ ба 130 адад расид.3 адад автобус, 4 адад зинаҳои махсус (трап), 2 адад лентаҳои муосир, 2 таҷҳизоти барқӣ барои муҳаррик, 8 адад мошин, 4 таҷҳизот барои бо об таъмин намудани ҳавопаймо ва ғайра харида шудаанд, ки ҳама техникаву таҷҳизоти навтарин маҳсуб мешаванд.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 4 январ зимни боздид аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва дар оянда дастрас намудани техникаву таҷҳизоти муосир ба масъулин тавсияҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE