🇹🇯 Миҷгона Самадова дар Чемпионати Осиё медали биринҷӣ гирифт 🥉

Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон – Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рӯзи нуҳуми мусобиқа рақобатҳои марҳили нимниҳоӣ баргузор шуда истодаанд. Дар ин марҳилаи мусобиқа кишвари моро Миҷгона Самадова (57 кг), Некрӯз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагӣ доранд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг дар марҳилаи нимниҳоӣ бо намояндаи Тайланд Пунрави Руэнрос нерӯсанҷӣ кард. Руэнроси 28 сола дорандаи нишони нуқра ва биринҷии Чемпионати ҷаҳон буда, дар Чемпионати Осиё ва Бозиҳои Осиё медали тилло гирифтааст.

Дар ин нерӯсанҷӣ Миҷгона давоми се раунд муқобили Руэнрос арзанда нерӯсанҷӣ карда, бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 мағлуб шуд ва соҳиби нишони биринҷӣ гардид. Барои Миҷгона Самадова ин дуюмин нишони биринҷӣ дар Чемпионати Осиё мебошад. Қаблан, Самадова дар Чемпионати Осиёи соли 2021 дар Дубай медали биринҷӣ гирифта буд.

Қобили зикр аст, ки Миҷгона Самадова дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бар намояндаи Муғулистон Номин –Эрдене Тугҷаргал бо ҳисоби 5:0 ғолиб омада буд.

Намояндаҳои дигари кишвари мо Некрӯз Салимов дар вазни 80 кг дар марҳилаи нимниҳоӣ бо намояндаи Урдун – Хусейн Ишаиш ва Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг дар марҳилаи нимниҳоӣ бо намояндаи Ҳиндустон – Харш Чоудхари нерӯ месанҷанд. Оғози рақобатҳои мазкур соати 14:00 дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 30 март дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон оғоз шуда, то 10 апрел идома мекунад. Дар мусобиқаи мазкур намояндагони 25 кишвар ва ҳадди ақал 230 муштзан ширкат доранд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии World Boxing баргузор шуда истодааст

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE