Шоҳи футбол Пеле даргузашт

Даргузашти Пеле Бразилия ва дӯстдорони футболро дар тамоми ҷаҳон ба мотам овард. Видоъ бо шоҳи футбол дар варзишгоҳ сурат хоҳад гирифт.

Шоҳи футбол, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, футболбози асру ҳамаи замон дар синни 82-солагӣ бар асари саратони меъда дунёро падруд гуфт.

Бошгоҳи “Сантос”, ки Пеле дар он бозӣ мекард, иттилоъ дод, ки тобути футболбози достонӣ 2 январ аз беморхона ба варзишгоҳи “Вила Белмиро” бурда мешавад, ки дар он ҷо маросими видоъ баргузор мегардад. Баъди гузашт аз кӯчаю хиёбонҳои Сантос Пелеро ба хок хоҳанд супурд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE