Парвиз Каримов ба финали Чемпионати Осиё роҳ ёфт
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон – Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рӯзи нуҳуми мусобиқа рақобатҳои марҳили нимниҳоӣ баргузор шуда истодаанд. Дар ин марҳилаи мусобиқа кишвари моро Миҷгона Самадова (57 кг), Некрӯз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагӣ карданд. Миҷгона ва Некрӯз соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд ва Парвиз ба финал баромад.
Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг рақобатро дар марҳилаи нимниҳоӣ оғоз карда, бо намояндаи Ҳиндустон – Харш Чоудхари нерӯ санҷид. Дар ин рақобат муштзани мо зарбаҳои ҳадафрас дошт ва бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4:1 пирӯзӣ ба даст оварда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Финали мусобиқа рӯзи 10-уми апрел доир мешавад, ки Парвиз Каримов бо намояндаи Ӯзбекистон – Ҳалимҷон Мамасолиев барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан соли 2024 муштзани тоҷик Парвиз Каримов зери вазни 92 кг дар Чемпионати Осиё дар Тайланд соҳиби нишони нуқра шуда буд. Дар финал Каримов аз муштзани қазоқ Сагюндюк Тогамбай пеш аз муҳлат шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 30 март дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон оғоз шуда, то 10 апрел идома мекунад. Дар мусобиқаи мазкур намояндагони 25 кишвар ва ҳадди ақал 230 муштзан ширкат доранд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии World Boxing баргузор шуда истодааст.

