«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад

16-17 апрел дар вилояти Суғд Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Форум бо мақсади пешбурди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва таърихии вилоят баргузор карда мешавад.

Мавзеъҳои табиии вилояти Суғд, махсусан кӯлҳо ва дараҳои баландкӯҳи он барои сайёҳони табиатдӯст имконият фароҳам овардаанд, ки сайру саёҳатро дар ин маконҳо бофароғат гузаронанд. Искандаркӯл, дараҳои Яғнобу Фон ва минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Айнӣ дорои шароити хуб барои хаймазанӣ, кӯҳнавардӣ ва экосайёҳӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар вилоят бунёди даҳҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ идома дошта, то истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Ин ба таъсиси ҷойи кор, беҳтар шудани инфрасохтор ва татбиқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» мусоидат мекунад.

Вилояти Суғд бо таърихи куҳан, табиати зебо ва анъанаҳои бойи мардумӣ минтақаи ояндадори сайёҳӣ мебошад. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни сайёҳон ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин вилоят шаҳодати равшани имконияти фаровони он аст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли аҳолӣ вилояти Суғд метавонад ба яке аз марказҳои пешрафтаи сайёҳии минтақа табдил ёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE