Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди касбии «Рӯзи кормандони тиб» ва солгарди зодрӯзи алломаи машҳури тоҷик Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуда, кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон табрик гуфтанд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди низоми тандурустии кишвар нақши муҳим доранд. Ҳамчунин аз мероси гаронбаҳои илмӣ ва тиббии Абуалӣ ибни Сино ҳамчун сарчашмаи ифтихори миллӣ ва мактаби бузурги тибби ҷаҳон ёдоварӣ карда шуд.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе