Дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ…
Дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: Таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба истиқболи ҷашни — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва меҳмонон аз кишварҳои гуногун иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни конфронс масъалаҳои марбут ба таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон, сиёсати хориҷии бисёрсамта ва дастовардҳои кишвар дар самти рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифта, саҳми Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид гардид.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

