Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №305, банди 5-и Нақшаи чорабиниҳои Агентӣ ва фармоиши директори Агентӣ аз 6 августи соли 2026, №22, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва муносиб баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои зертобеи Агентӣ, санаи 26 августисоли 2026 дар Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат» чорабинии идона баргузор гардиданд.
Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони масъули Агентӣ, роҳбарият ва кормандони муассисаҳо, инчунин истироҳаткунандагон иштирок намуданд. Зимни чорабиниҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсӣ ва нақши Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ суханронӣ карда шуд.

