Имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ» баргузор шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид зимни суханронии худ дастовардҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро дар даврони соҳибистиқлолӣ шарҳ дода, таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ заминаи таҳкими давлатдорӣ, волоияти қонун ва рушди устувори кишварро фароҳам овардааст.
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён доир ба нақши қонунгузорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати давлатӣ ва дигар сохторҳо дар пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия маърӯзаҳо ироа намуданд.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE