Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»…

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлол ва нерӯи зеҳнии миллат: саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, раисони Шӯроҳои олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ва ҷавонони муваффақ иштирок намуданд.

Ҳамоишро Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди илм, маориф ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва ояндасози давлат дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Зикр гардид, ки Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ яке аз тадбирҳои муҳими дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ба ҳисоб рафта, барои ҳавасманд намудани олимон ва муҳаққиқони ҷавон ба фаъолияти илмӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён дар мавзуъҳои марбут ба дастовардҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди нерӯи зеҳнии миллат, нақши илм ва инноватсия дар пешрафти кишвар ва саҳми барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE