Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ доир гардид

17 июл дар доираи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯрии кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати мазкурро 16 апрели соли 2008 эътироф намуд.

Гуфта шуд, ки тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур қисми таркибии низоми ҳуқуқии мамлакат буда, қонунҳои амалкунанда ба он мувофиқ гардонида шуданд. Ҳамин гуна заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мубориза бо коррупсия таҳия гардида, ба як қатор санадҳои дигар тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Айни замон дар асоси Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо дарназардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор дода истодаанд.

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои ба амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунадаро бо мисолҳои одӣ, ки як амали ночиз ва назарногир метавонад боиси даст задан ба коррупсия гардад, ба иштирокчиён фаҳмонида, аз оқибатҳои он ёдовар шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE