9 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
9 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки 35 сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳиби истиқлол гардид ва мардуми тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

