ДОНИСТАН ХУБ АСТ!..
#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!
«Хоҷа оби гарм»
«Хоҷа Оби Гарм» беҳтарин макони солимгардонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ буда, тамоми фасли сол фаъолият менамояд. Дар ин осоишгоҳ сайёҳони дохилию хориҷӣ бо сарватҳои нодири табиӣ, махсусан имконияти сайёҳӣ шинос мегарданд. Воситаи асосии табобати курортӣ дар «Хоҷа Оби Гарм» обҳои маъданноки дармонбахш ҳастанд. Обҳои маъданноки осоишгоҳ дорои азоти креминистӣ, сулфату гидрокарбонат буда, ҳарорати гармии он аз +56 то +96 дараҷаро ташкил медиҳад. Ин мавзеъро яке аз муъҷизаҳои беохири табиӣ ва сарчашмаи қувваи ҳаёт гуфтан мумкин аст. Зеро дар он инсон метавонад саломатии худро барқарор намояд. Фаъолият намудани чунин осоишгоҳҳо ба сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон медиҳад, ки аз табиати биҳиштосои диёр, обу ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тоза, чашмаҳои дорои хусусияти табобатии нодир ва кӯлҳои зиёди кӯҳӣ таассуроти рангин бардоранд.

