ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ХАТ: АЗ АЛОМАТҲОИ НАХУСТИН ТО АЛИФБО…

#ДОНИСТАН ХУБ АСТ !
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ХАТ: АЗ АЛОМАТҲОИ НАХУСТИН ТО АЛИФБО

Хат-яке аз бузургтарин ихтирооти инсоният буда, дар ташаккули тамаддун, рушди илм, фарҳанг ва интиқоли дониш нақши муҳим дорад.

Тибқи маълумоти таърихӣ, нахустин низомҳои хат тақрибан 3400–3200 сол пеш аз милод,яъне беш аз 5 ҳазор сол қабл, дар минтақаи Байнаннаҳрайн (Месопотамия), дар муҳити шумериҳо ташаккул ёфтаанд. Онҳо барои сабти молу маҳсулот, тиҷорат ва ҳисобу китоб аз лавҳаҳои гилин истифода мебурданд. Баъдан ин аломатҳо ба хатти мехӣ табдил ёфтанд.

#Марҳилаҳои муҳими рушди хат:
– 3400–3200 пеш аз милод— пайдоиши нахустин намунаҳои хат дар Месопотамия.
– 3250 пеш аз милод— пайдоиши намунаҳои қадимаи хатти иероглифӣ дар Мисри Қадим.
– 1200 пеш аз милод— ташаккули намунаҳои қадимаи хатти чинӣ.
– Тақрибан 1000 пеш аз милод— паҳншавии алифбои финиқӣ.
– Асри VIII пеш аз милод— пайдоиши намунаҳои хатти юнонии алифбоӣ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE