Рамазон Ҷумаев – қаҳрамони Ҷоми ҷаҳони самбо дар соли 2026…

Рамазон Ҷумаев – қаҳрамони Ҷоми ҷаҳони самбо дар соли 2026

Рамазон Ҷумаев дар вазни то 88 кг дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо -2026 аз намуди самбои размӣ ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид 🥇

Дар финал Рамазон муқобили намояндаи Қазоқистон -Ерсултон Дуйсенгазин зафар ёфт.

Ҳамчунин имрӯз, аз намуди самбои размӣ Сиёвуш Солиҳов (58 кг), Беҳрӯз Ҳалимов (71 кг) ва Баҳромҷон Имомзода (98 кг) барои Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

🌏

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE