Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Ҳамдиёрони азиз,
Омӯзгорону устодони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром фарорасии Рӯзи омӯзгоронро ба ҳар яки шумоён – омӯзгорону устодон, мураббиён ва ҳамаи онҳое, ки дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор мебошанд, самимона табрик менамоям.
Омӯзгор дар фарҳанги миллӣ ҳамеша мақоми баланд дошта, чароғи маърифат,
пайвандгари наслҳо ва раҳнамои роҳи дониш ба шумор меравад.
Маҳз бо заҳмати содиқонаи омӯзгор насли наврас соҳиби дониш, ҷаҳонбинии созанда, маърифати баланд ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву Ватан мегардад.
Маврид ба зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд.

Рӯзи омӯзгорон муборак, ҳамватанони азиз!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE