ДАР ДУШАНБЕ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОН ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД…

ДАР ДУШАНБЕ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОН ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Боғи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – парчамбардорони истиқлол ва давлатдории миллӣ» ҳамоиши тантанавии ҷавонону варзишгарон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, варзишгарон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва саҳми онҳо дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми ҷавонону варзишгарон ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE