#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!…

#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!

Боғи Ғалаба

Боғи Ғалаба (Парк Победы) — 9 майи соли 1975 ба муносибати 30-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ифтитоҳ гардидааст. Лоиҳаи маҷмааи меъморию ҳайкалтарошии он аз ҷониби меъморон Б. А. Зуҳурдинов ва А. М. Шербинин таҳия шуда, ҳайкалтарош Д. Б. Рябичев дар эҷодиёти он саҳм гузоштааст.

Маҷмаа дар минтақаи теппаҳои шарқии Душанбе бунёд гардида, дорои зинапояҳо, майдончаҳои тамошо, гулгашти қаҳрамонон ва оташи абадӣ мебошад.

#Сохтор ва иншооти асосӣ

– Оташи абадӣ;

– Майдони ёдбуд;

– Гулгашти қаҳрамонон

– Зинапояҳои сайругаштӣ;

– Роҳи симтанобии овеза (канатная дорога);

– Сабзазорҳо ва дарахтони ороишӣ.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии сайёҳии Тоҷикистон, дар гулгашти қаҳрамонони маҷмаа номи 60 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ инъикос ёфтааст.

#Таҷдиду навсозӣ

9 майи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба»-ро, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ гардидааст, аз нав мавриди истифода қарор доданд.

Дар доираи навсозӣ Осорхонаи Боғи Ғалаба низ муаррифӣ гардид. Дар он намунаҳои қаҳрамонию фидокории фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

#Аҳамияти таърихию фарҳангӣ

Боғи Ғалаба яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, рамзи эҳтиром ба қаҳрамонӣ, шуҷоат ва фидокории насли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.

Ҳамасола 9 май дар назди Оташи абадӣ маросими гулчанбаргузорӣ баргузор мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE