4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи марказии ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, намояндагони касбу кори гуногун ва аҳли фарҳанг бо шодиву сурур ва муҳаббату самимияти бепоён пешвоз гирифтанд.
Аз ҷониби аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи бошукуҳи фарҳангӣ, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз инъикос мекунанд, пешниҳод гардид.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #ВКД #МВД #MIA

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE