Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон, намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, инчунин намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату кумитаҳои дахлдор ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE