Дар шаҳри Бӯстон оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид

Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ бо иштироки гулдухтарону занони шаҳри Бӯстон баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд. Дар ин бораи аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Гулдухтарону занон бо либосҳои миллӣ дар назди маҷмааи «Дасти дуои модар» ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Бӯстон либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 1 март то 31 май дар саросари ҷумҳурӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ  мешавад.

Ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хосси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE