ДОНИСТАН ХУБ АСТ !..

#ДОНИСТАН ХУБ АСТ !
СИЯҲГӮШ ВА ЛОЛА — ГУЛҲОИ МИЛЛӢ ВА РАМЗИ ЭҲЁИ ТАБИАТ

Сияҳгӯш ва лола аз ҷумлаи гулҳои зебои баҳорӣ буда, дар таъриху фарҳанг ва анъанаҳои мардумии тоҷикон ҷойгоҳи хосса доранд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2026, таҳти №1231, ин ду гул расман гулҳои миллии мамлакат эълон гардиданд.

Гули сияҳгӯш ҳамчун муждарасони нахустини баҳор рамзи эҳёи табиат ва омадани Наврӯз ба шумор меравад. Он бо анъанаи қадимаи гулгардонӣ иртиботи наздик дошта, дар ривоятҳои мардумӣ ва достони «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ бо номи Сиёвуш пайванд дорад.

Лола бошад, бо зебоӣ, гуногунии рангҳо ва шукуфоии баҳорӣ диққати мардумро ҷалб менамояд. Ин гул дар адабиёти классикии форсу тоҷик васф гардида, рамзи ҷавонӣ, ишқу муҳаббат ва таровати табиат маҳсуб мешавад.

https://www.facebook.com/100066955427248/posts/pfbid02CYLMydnHGUSxwUauiN7nEMmBj66xydAoMwB3k3BVTe79NJPWCs2yHUiWYX4EUUn7l/?mibextid=wwXIfr
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE