94,4 фоизи хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шуданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 50 ширкату корхона «Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ» баргузор гардида, аз 462 нафар хатмкардаи шуъбаи рӯзона 430 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки 94,4 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025-ум 1,4 фоиз зиёд аст.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ҳамчунин, 285 нафар донишҷӯ ҳамзамон бо таҳсил ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб гардида, 15 нафари дигар ба таҷрибаомӯзии музднок сафарбар шудаанд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

