26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Сафобахши ноҳия бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии Тоҷикстандартро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Маркази ташхисии минтақавӣ дар маҷмӯъ дорои 51 ҳуҷраи корӣ мебошад.
Бино, ҳамчунин, дорои толори барҳавои маҷлисӣ буда, барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун бо 80 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Иншоот бо техникаву технологияҳои муосир ва таҷҳизоти зарурии ташхисиву озмоишӣ таъмин гардида, дар он барои фаъолияти самараноки кормандон ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба субъектҳои хоҷагидор шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE