ГУРӮҲИ КОРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАВАНДИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ШИНОС ШУД
ГУРӮҲИ КОРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАВАНДИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ШИНОС ШУД
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамроҳии Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Сирдарё»-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва раванди корҳои саҳроӣ шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур дорои 4,86 гектар замин буда, дар он пахта, шолӣ, гандум, сабзавот ва боғ парвариш карда мешавад. Аз ҷумла, дар як гектар сабзӣ кишт гардида, ҳосилнокии он 700 сентнерро ташкил медиҳад.
Зимни боздид масъалаҳои истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ баррасӣ гардиданд.
Қурбон Ҳакимзода ба масъулин ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои мавсими тирамоҳу зимистон дастуру супоришҳо доданд.

