31 ОКТЯБР -РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО…
31 ОКТЯБР -РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо эълон гардидааст. Мувофиқи барномаи Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030 11 ҳадафи устувор дар шаҳрҳо бояд амалӣ шавад, ки яке аз онҳо таъмини бехатарии онҳо мебошад. Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи шаҳрҳои бехатар ва пешрафта мебошад, ки дар он барои сокинону меҳмонон шароити замонавӣ муҳайё карда мешавад.
Дар шаҳри Душанбе дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои азими меъморӣ, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳои ду ва се сатҳа амалӣ шудаанд, ки ба бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт мусоидат менамоянд.

