Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Рӯдакии шаҳри Душанбе…
Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Рӯдакии шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории як қатор сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Дар машқҳои пагоҳирӯзии мазкур намояндагони вазорату идораҳо ва ҷавонони фаъоли пойтахт иштирок намуда, ба тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими саломатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ташкили чунин иқдомҳо барои ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш, баланд бардоштани рӯҳияи ҷамъиятӣ ва тарғиби зиндагии солим мусоидат менамояд.

