Имрӯз дар Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» баргузор гардид.
Дар конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа иштирок намуда, доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқод, андешаронӣ карданд.
Зимни ҳамоиш директори Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Холиқзода, мудири шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайъазам Қодирзода, муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимҷон Давлатзода ва дигар иштирокдорон суханронӣ намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии масъалаи озодии эътиқодро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE