ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД…
ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Олимзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовини Раиси Кумита Барно Соҳибзода ва кормандони сохторҳои Кумита иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷамъомад муовини якуми Раиси Кумита Зоҳир Олимзода таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мақоми хосса дошта, қабули он барои муайян намудани самтҳои асосии рушди давлат, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ заминаи устувор гузошт.

