Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди хизмати давлатӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш шарҳу тавзеҳи аҳаммияти Конститутсия дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими низоми идоракунии давлатӣ ва рушди хизмати давлатии касбӣ мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои нақши Конститутсия дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили низоми хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи фаъолияти мақомоти давлатӣ буда, муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро танзим менамояд.

