Дар ҳошияи ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
Дар ҳошияи ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, роҳбарият ва кормандони Хадамоти алоқа ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ аз оромгоҳи «Лучоб» зиёрат намуданд.
Иштирокдорон бо гузоштани гулчанбар ба марқади Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи таърихию фарҳангии миллат Нисор Муҳаммад, ба хотираи фарзандони фарзонаи кишвар арҷ гузоштанд.

