Имрӯз дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон…
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии сомонаи нави маҷаллаи
“Садои Шарқ” – sadoisharq.tj баргузор шуд.
Зимни шиносоӣ
имкониятҳои нави муаррифии асарҳои адибони тоҷик дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон
аз тариқи сомонаи мазкур ва тарзи дурусти истифода аз он шарҳ дода шуд.
Ин сомона маводи адабиёти тоҷикро бо расмулхати тоҷикӣ ва форсӣ пешниҳоди хонанда мегардонад.
Нависандагон аҳли илму адаб иқдоми мазкурро ҷиҳати муаррифии маводи ба тозагӣ эҷодшуда дар фазои онлайнӣ муҳим ва саривақтӣ баён доштанд.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

