Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод…

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои энергетикии ҷумҳурӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш, Нуробод ва кормандони шабакаҳои барқи ноҳияҳои зикргардида ширкат доштанд.

Зимни баргузории ҷаласа фаъолияти филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои водии Рашт дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, сатҳи талаботи неруи барқ, ҳолати шабакаҳо ва зеристгоҳҳо, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, қарздорӣ ва ҷараёни иҷрои супоришҳои қаблан додашуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони сохторҳои дахлдор вобаста ба он ҳисобот доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE