8 ҷудокори тоҷик дар Tashkent World Championships Juniors 2026 иштирок мекунанд…

8 ҷудокори тоҷик дар Tashkent World Championships Juniors 2026 иштирок мекунанд 🤼

Шаҳри Тошканди Ӯзбекистон аз 19-ум то 22-юми ноябр мизбони мусобиқаи Tashkent World Championships Juniors 2026 мегардад. Барои иштирок дар мусобиқа 574 ҷудокор аз 78 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 ҷудокор – Лоиқ Қудбудинов ва Шокир Ғаюбов дар вазни то 60 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни то 66 кг, Ворис Назаров дар вазни то 73 кг, Зикриаллоҳ Шарипов ва Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг, Беҳрӯз Имомов дар вазни то 90 кг ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг намояндагӣ мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE