ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН МАЪРАКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «16 РӮЗИ ФАЪОЛИЯТ АЛАЙҲИ ЗӮРОВАРӢ» ОҒОЗ ГАРДИД…
ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН МАЪРАКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «16 РӮЗИ ФАЪОЛИЯТ АЛАЙҲИ ЗӮРОВАРӢ» ОҒОЗ ГАРДИД
Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ маросими расмии ифтитоҳи маъракаи байналмилалии «16 рӯзи фаъолият алайҳи зӯроварӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Муттаҳид шавем барои хотима бахшидан ба зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон, таъмини адолат ва ҳимояи ҷабрдидагон» доир шуд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими баробарии гендерӣ аз омилҳои муҳими ташаккули ҷомеаи солим ва бехатар мебошанд.
Дар доираи маърака, ки аз 25 ноябр то 10 декабр идома меёбад, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вохӯриҳо, омӯзишҳо, мизҳои мудаввар ва машваратҳои ройгони ҳуқуқиву равонӣ баргузор карда мешаванд.

