ДАР МАЙДОНИ «ИСТИҚЛОЛ»-И ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РОҲПОЙМОИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД…

ДАР МАЙДОНИ «ИСТИҚЛОЛ»-И ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РОҲПОЙМОИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Дар роҳпаймоии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаҳои гуногун ва дигар қишрҳои ҷомеа фаъолона иштирок намуданд.

Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парафшонии Парчами давлатӣ ва шиору овезаҳои ватандӯстона эҳтирому садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории тоҷикон ифода карданд.

Мавриди зикр аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ таҷассумгари таъриху фарҳанги миллӣ, озодиву истиқлол ва сарфарозии мардуми тоҷик мебошад

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE