ДАР ҚАРОРГОҲИ ЮНЕСКО НАМОИШГОҲИ ОСОРИ ИБНИ СИНО ВА УМАРИ ХАЙЁМ ИФТИТОҲ ЁФТ…
ДАР ҚАРОРГОҲИ ЮНЕСКО НАМОИШГОҲИ ОСОРИ ИБНИ СИНО ВА УМАРИ ХАЙЁМ ИФТИТОҲ ЁФТ
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Фаронса намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, муовини вазири фарҳанги кишвар, муовини якуми Мудири кулли ЮНЕСКО Регнер Аса ва дигар намояндагони расмии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ин иқдом ба муаррифии мероси гаронбаҳои илмӣ ва адабии нобиғаҳои тамаддуни тоҷик дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст. Дар идомаи барнома, 24 ноябр, баргузории конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём: аҳаммияти ҷаҳонӣ ва пажӯҳишҳои муосир» дар назар аст. Дар он масъалаҳои омӯзиш, таҳқиқ ва аҳаммияти ҷаҳонии осори ин мутафаккири барҷаста мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

