ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД…
ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода, меҳмонон, кормандони сохторҳои Кумита ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ нишонаи муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванди мамлакат дар назди давлату миллат мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар таҳкими арзишҳои миллӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳифзи муқаддасоти давлатӣ таъкид намуданд.

