Дар Душанбе Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» баргузор гардид
Дирӯз дар шаҳри Душанбе Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар нишасти мазкур вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Раванд дар шакли ҳузурӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии мададрасон дар шакли маҷозӣ ширкат карданд.
Иштироккунандагони Конфронс таъкид карданд, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки масъалаҳои мубрами минтақавӣ ҳаллу фасл ва ҳамкории муштараки кишварҳо бо Афғонистон мавриди иҷро қарор гиранд. Онҳо изҳор доштанд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир самти муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо мебошад.
Кишварҳои ширкаткунандаи «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», кишварҳои мададрасон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ карданд. Дар ин робита, аз Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати Толибон даъват карданд, ки барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида заминаи устувор гузоранд.
Кишварҳои ширкаткунанда нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақа таъкид карда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он пуштибонӣ намуданд.
Дар хотима вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» Эъломияи Душанберо қабул карданд.